Тоҷикистониёни миёни террористон дар хориҷа ҷанганда аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» дар таҳрири навро бо аксари кулли овозҳо ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни ҳанӯз соли […]

Аваз Юлдошев



Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» дар таҳрири навро бо аксари кулли овозҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор намуд, ки дар муқоиса бо қонуни ҳанӯз соли 1995 қабулшуда «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ», дар қонуни нав тартиби гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон тағйир дода шудааст. Ба гунаи мисол, шаҳрванди кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки забони давлатиро дар сатҳи гуфтугӯ ва суҳбат намедонанд ё нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ба гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд.

Ба гуфтаи Ализода, ба шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистонро ба писархондӣ ё духтархондӣ қабул кардаанд, барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

Шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд, баъди гузашти се сол ба гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, агар гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвари хориҷӣ ё шахсони бидуни шаҳрвандӣ рад шуда бошад, танҳо баъди гузашти як сол онҳо метавонанд дубора бо ин дархост муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ дар хориҷи кишвар меҷанганд, ба таври автоматӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум карда мешаванд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни нав, ба кӯдаконе, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз шахсони бидуни шаҳрвандӣ таваллуд мешаванд, ба таври автоматӣ шаҳрвандии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.