Моҳи май интиқоли барқ ба Афғонистон 3 баробар афзуд

Дар муқоиса бо моҳи гузашта моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 3 баробар афзуд. Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи майи соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо моҳи гузашта моҳи майи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қариб 3 баробар афзуд.

Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи майи соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон дар ҳаҷми 129,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Моҳи апрели соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳамагӣ 44 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот гардида буд.

Миқдори нерӯи барқи аз Тоҷикистон ба Афғонистон содиротшуда дар моҳи майи соли ҷорӣ 9,4% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ин моҳ истеҳсолшуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи майи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 381 млн. кВт/соатро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба истеъмолгарони афғон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 350 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.