Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ба АНМН ташриф овард



Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов рӯзи 24 июн аз Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон боздид намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, зимни мулоқоти дуҷониба раиси АНМН генерал-лейтенанти милиса Рустам Назарзода меҳмонро бо вазъи мухаддирот  дар Тоҷикистону Афғонистон ва ба сурати умум дар тамоми минтақа ошно кард.

Директори Агентӣ пешниҳод кард, ки дар маркази таълимии АНМН омодагии кормандони сохторҳои зидди маводи нашъаовари минтақа роҳандозӣ шуда, вохӯриҳои мунтазами роҳбарони сохторҳои дахлдори минтақа ҷиҳати табодули маълумот барпо карда шаванд.

Рустам Назарзода дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи солҳои 2016-2020-ро эълон кардани панҷсолаи тадбирҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим хотиррасон намуд.

spot_imgspot_img

Популярное