Раиси Суғд: Адибон аз минбари ВАО кам истифода мебаранд



Рӯзи 24 июн дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли адаб баргузор гардид. Мулоқоти мазкур дар арафаи Анҷумани шоирону нависандагони Тоҷикистон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ сурат гирифта, ҳадафи он сӯҳбати озод бо аҳли адаб, таҳлили вазъи воқеии адабиёти минтақа ва рӯ овардан ба мушкилоти мавҷудаи соҳа арзёбӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқоти ошкоро А.Қодирӣ вилоят аз дастовардҳои адибон ёдовар шуда, аз камбудиҳои ҷории мавҷуда низ сухан гуфт. Аз ҷумла фаъолияти кунунии маҳфили илмию адабии Ганҷи сухан, ки дар замони роҳбарии олими шинохта Абдулманнони Насриддин мақому мартабаи хосро касб карда буд, ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки шоирону нависандагон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аммо дар шароити кунунӣ аз минбари ВАО, хоса телевизион кам истифода мебаранд. Дар ин замина, ташкили як барномаи мукаммали адабии телевизионӣ, ки аҳли эҷод тавонанд дарди ҷомеаро бо назму наср ифода намоянд, мувофиқи мақсад дониста шуд.

Раиси вилоят аз аҳли адаб даъват ба амал овард, то ки робитаашонро бо театр мустаҳкам намоянд ва барои ин соҳа асарҳои мақбули саҳнавӣ, аз ҷумла асарҳои ҳаҷвӣ таҳия созанд. Маҳз набудани асарҳои хуби мазҳакавӣ боиси он шудааст, ки имрӯз завқи тамошобини вилоятро ҳаҷви сабуку каммазмун аз паси худ ба поён барад. Муаммои дигар дар ин самт пахши сурудҳои бемазмуни ба ном ситораҳои санъат тавассути телевизиону радиоҳо мебошад. Дар ин замина супориши қатъӣ дода шуд, ки фаъолияти шӯрои бадеӣ дар сатҳу сифати нав ҷоннок карда шуда, пахши сурудҳои ба истилоҳ кӯчагӣ дар телевизиону радио пешгирӣ шавад.

Ҳамзамон беҳтар намудани фаъолияти маҳфилҳои гуногуни адабӣ, интишору дастрас намудани осори классикон тавассути маҷаллаҳои вилоятӣ ва баҳои воқеӣ додан ба асарҳои эҷодкорони ҷавон аз масъалаҳои дигаре буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар сӯҳбати озод бо раиси вилоят аҳли адаб доир ба вазъи кунунии адабиёт изҳори андеша карданд. Шоира Адиба пешниҳод намуд, ки қабл аз чопи асарҳо, онҳо бояд ҳатман аз назари адибони ботаҷриба гузаронида шаванд, то ки ҳаргуна китобҳои каммазмуни эҷодкорони тасодуфӣ ба ҷаҳони маънавии ҷомеа роҳ наёбанд.

Аҳли адаб инчунин барои ташкили бахшҳои Иттифоқи нависандагон дар шаҳру навоҳӣ, таҷлили 830 – солагии шоир Сайфи Исфарангӣ, пардохтани ҳаққи қалам ба соҳибони китоб аз ҷониби нашриётҳо, пешгирии овезаҳои рекламавии ба талаботи забони давлатӣ номувофиқ, беҳтар намудани фаъолияти осорхонаҳои адибон, фароҳам овардани шароити эҷоду истироҳат барои шоирону нависандагон ва ғайра пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Адибони ҷавон низ барои беҳтар намудани вазъи адабиёт таклифҳои хешро баён карданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар баробари чопи осори классикони тоҷик, инчунин нашри беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳонро дархост намуд. Инчунин таҳия ва чопи тазкираи адибони классики қаламрави Суғд пешниҳод карда шуд.

Дар поёни мулоқот ба ду нафар адиби ҷавон Малоҳат Собирзода – донишҷӯи ДДХ ва Сурайё Ҳакимова – корманди нашрияи «Ҳақиқати Суғд» мукофоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Падида» супорида шуд.

Инчунин ба ҳашт нафар аҳли адаб, ки ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.

 

spot_imgspot_img

Популярное