Иқдоми «Нест бод шиканҷа!» дар Тоҷикистон

Имрӯз Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар толори конфронси «Маркази Вефа» як иқдомеро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор намуд. Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир гардид, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикос ёфта, он ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида […]

Аҳлиддин Салимов



Имрӯз

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

дар толори конфронси «Маркази Вефа» як иқдомеро ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор намуд.

Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир гардид, ки дар он саргузашти воқеии қурбониёни шиканҷа инъикос ёфта, он ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизориҳои зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ гиранд.

Дар ин чорабинӣ ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова аз ҷумла изҳор дошт: «Ин падидаи шармандаовар аст ва ман фикр мекунам, ки ин ба имиҷи Тоҷикистон таъсири зиёд дорад, зеро давлат конвенсияҳои сершумори байнулмилалиро дар ин бора ба имзо расонидааст. Мутаассифона, содир шудани ин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон идома доранд, вале мо огаҳем, ки пешравиҳо ҳам дар ин самт ба мушоҳида мерасанд, чунки ҳукумати кишвар дар ин росто уҳдадориҳо гирифтааст ва бояд ин талаботро иҷро кунад».

Нигина Баҳриева, роҳбари Эътилофи ТҒД-и зидди шиканҷа дар Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон муддати 20 сол аст, ки узви Конвенсия зидди шиканҷа буда, он соли 1995 дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.

«Аз ҳамон сол Тоҷикистон зидди шиканҷа муборизаи қотеъона эълон кард ва мебояд гуфт, ки бахусус тайи панҷ соли ахир корҳои зиёде дар ин самт анҷом дода шуданд. Мо яке аз кишварҳои аввалин будем, ки моддаи «Шиканҷа»-ро ба Кодекси ҷиноӣ маҳз дар ҳамон шакле, ки дар Конвенсия зидди шиканҷа дарҷ ёфтааст, ворид кардем. Ҳамчунин Тоҷикистон яке аз нахустин давлатҳоест, ки дар он мурофиаҳои судӣ оид ба ҷубронпулӣ ба ҷабрдидаҳо аз шиканҷа сурат гирифтанд», – иброз дошт ӯ.

Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз ҷониби Маҷмаи Кулли СММ таъсис дода шуд. Мутобиқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин дигар санадҳои байнулмилалие, ки Тоҷикистон пазируфтааст, шиканҷа дарду азоби ҷисмонӣ ё маънавие мебошад, ки намояндагони мақомоти давлатӣ нисбат ба шаҳрвандон барои ба даст овардани иқроршавӣ раво дидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.