Шаҳри Чкалов ба Шоҳкант табдили ном мекунад

Санаи 25 июн дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов, даъвати панҷум баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия масъалаҳои “Вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пойдории оила ва ташаккули тарзи […]

ASIA-Plus



Санаи 25 июн дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Чкалов, даъвати панҷум баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия масъалаҳои “Вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пойдории оила ва ташаккули тарзи ҳаёти солим”, “оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ” ва “тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр” баррасӣ карда шуд.

Оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини якуми раиси шаҳр Содиқҷон Рустамӣ баромад намуд. Номбурда оиди иваз намудани номи шаҳри “Чкалов” ба номи “Шоҳкант”, иваз намудани номи мактаби санъати шаҳри Чкалов аз номи Рейнольд Морицеевич Глиэр ба номи Шодмон Алифов ва иваз намудани номи кӯчаи Шорс ба номи Ғайбуллоҷон Раҳматуллоев суханронӣ намуда, зикр дошт, ки бо пешниҳоди ҷомеаи меҳнатии шаҳр, хусусан омӯзгорон, табибон ва саноатчиён, ивазшавии номи шаҳри Чкалов ва дигар кӯчаву хиёбонҳо ба мақсади эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Нодира Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.