Медали биринҷии писари Бег Зуҳуров дар мусобиқаи Екатеринбург

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс бахшида ба ёдбуди маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков дар шаҳри Екатеринбурги Русия Сиёвуш Зуҳуров, писари роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров ба гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа шарафёб гардид. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар ин мусобиқа 73 варзишгар ва 13 минтақаи Русия ва чор даста аз Қазоқистону Озарбойҷон ва Тоҷикистону […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс бахшида ба ёдбуди маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Георгий Жуков дар шаҳри Екатеринбурги Русия Сиёвуш Зуҳуров, писари роҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров ба гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа шарафёб гардид.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар ин мусобиқа 73 варзишгар ва 13 минтақаи Русия ва чор даста аз Қазоқистону Озарбойҷон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат варзида, дастаи Тоҷикистонро дар он ду варзишгар – Фирдавс Ҷомуродов ва Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаҳо дар вазни беш аз 91 кило Сиёвуш Зуҳуров бар варзишгар аз Ханти-Мансийск Антон Меркулов бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо мешавад ва сипас аз рақобат дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгар Рашид Кодзоев (Ингушетия, Русия) даст кашида, дар натиҷа соҳиби мақоми сеюм ва медали биринҷӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Фирдавс Ҷомуродов дар қувваозмоии нахуст дар вазни то 52 кило аз варзишгар Кирилл Никифоров аз шаҳри Челябински Русия шикаст хӯрдааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.