Қарзи «Барқи тоҷик» аз «Сангтӯда-1» ба ним млрд. сомонӣ наздик мешавад

Нимаи аввали соли равон қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» қариб 60 млн. сомонӣ зиёд шуд. Дар торнамои расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди нерӯгоҳ 498,7 млн. сомонӣ (тақрибан 80 млн. $ бо қурби имрӯза)-ро ташкил медиҳад. Аввали […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимаи аввали соли равон қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» қариб 60 млн. сомонӣ зиёд шуд.

Дар торнамои расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди нерӯгоҳ 498,7 млн. сомонӣ (тақрибан 80 млн. $ бо қурби имрӯза)-ро ташкил медиҳад.

Аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ба 439,5 млн. сомонӣ баробар буд.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо ахири моҳи январи соли ҷорӣ  дар ин робита 

изҳор намуда буд,

 ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳ дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз ягона харидори барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши он ба истеъмолгаронро таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба аввали соли равон 875,4 млн. кВт/соат ва истеҳсоли шабонарӯзии он 6,6 млн. кВт/соатро ташкил додааст.

Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт аз рӯйи иқтидор нерӯгоҳи барқии дуюм дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо таъмин месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.