Дар ниҳоди тобеъ ба Рустами Эмомалӣ «поккории кадрӣ»-и бузургмиқёс сурат гирифт

Беш аз 10%-и кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ки 56 нафарро ташкил медиҳанд, аз аттестатсия (санҷиши мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда) нагузашта, аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, аттестатсияи кормандон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои президент, ки ҳангоми вохурӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ17 феврали […]

Аваз Юлдошев



Беш аз 10%-и кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, ки 56 нафарро ташкил медиҳанд, аз аттестатсия (санҷиши мутобиқат ба вазифаи ишғолкарда) нагузашта, аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии зиддифасод, аттестатсияи кормандон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои президент, ки ҳангоми вохурӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ17 феврали соли 2015 баён гардидаанд, баргузор гардид.

Гуфта мешавад, барои баргузории аттестатсия дар мақомоти Агентӣ ду комиссияи салоҳиятнок аз ҳисоби роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва кормандони таҷрибадори мақомот таъсис дода шуда, ба кори комиссияҳо мутахассисон аз Дастгоҳи иҷроияи президент, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, мутахассисон аз Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мақомоти Агентӣ 79 нафар хизматчиёни давлатии соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва 309 нафар кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд. Мувофиқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ, 16 нафар хизматчиёни давлатии самти назорати давлатии молиявӣ ва 40 нафар кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуда, аз мансабҳои ишғолкарда озод ва аз мақомоти Агентӣ хориҷ карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро 16 марти соли ҷорӣ писари калонии президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ ба роҳбарӣ гирифт.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар «Азия-Плюс», ҳайати шахсии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз 450 воҳиди корӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.