Президент: 18 донишҷӯи тоҷик дар сафҳои Давлати исломӣ меҷанганд

Дар мулоқоти имрӯза бо ҷавонони донишҷӯ, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор шуд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад, […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти имрӯза бо ҷавонони донишҷӯ, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор шуд, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад, зеро имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор кард, ки ин зуҳуроти хатарнок дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд овардааст.

«Афзоиши нуфузи ниҳоди террористии ба ном Давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ, аз ҷониби ҷангҷӯёни он кӯшиши зери тасарруф гирифтани минтақаҳои нав ба нави ин кишварҳо, куштори бераҳмонаи ҳазорон нафар мардуми мусулмон ва аз байн бурдани мероси фарҳангӣ, инчунин вусъат гирифтани ғояҳои тундгароӣ дар баъзе давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон омилҳои асосӣ ва нигаронкунандаи вазъияти имрӯза ба ҳисоб мераванд», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент зикр кард, ки аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон низ эмин буда наметавонад.

«Аз ин лиҳоз, ҳарчи бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст», – иброз дошт сарвари давлат.

Сарвари мамлакат ба ҳозирин иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумот ҳоло дар низоъҳои шадиди ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ ба ҳайати созмони террористии ба ном Давлати исломӣ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони гумроҳгаштаи Тоҷикистон, аз ҷумла чандин нафарашон якҷо бо ҳамсару фарзандон, шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25 – сола ташкил медиҳанд ва то имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд.

«Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шуда, инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷӯёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудааст», – изҳор намуд президент.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад ва афроде, ки ба Давлати исломӣ пайвастаанд, ҳам ба Ватан, ҳам ба падуру модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафия хиёнат карданд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.