БАОР 2-3% коҳиши ҳаҷми ММД-и кишварҳои узви ИДМ-ро пешгӯӣ мекунад

Дар гузориши навбатии «Макромониторинги ИДМ», ки аз ҷониби Раёсати таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба чоп расид, гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти гузориш, ин тамоили манфӣ дар ММД бар […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши навбатии «Макромониторинги ИДМ», ки аз ҷониби Раёсати таҳлилии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба чоп расид, гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти гузориш, ин тамоили манфӣ дар ММД бар асари афтиши иқтисоди Русия, Беларус ва Украина ва ҳамчунин сустшавии рушди иқтисоди Қазоқистону Арманистон ва Тоҷикистон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ин ҷо Қирғизистону Молдова ва Озарбойҷон истисно мебошанд, ки бо сабабҳои гуногун дар иқтисоди онҳо тамоили рушд ба назар мерасад. Дар иқтисоди Туркманистону Ӯзбекистон сатҳи рушд дар мизони семоҳаи охири соли гузашта боқӣ мондааст.

«Дар сурати 60 доллар ба ҳисоби миёна боқӣ мондани нархи нафти Brent дар соли 2015 ва болоравии он то 70 доллар дар соли 2016, метавон пешгӯӣ намуд, ки соли 2015 ҳаҷми ММД-и умумии кишварҳои узви ИДМ 2-3% поин рафта, соли 2016 ба андозаи 1,5-2,5% афзоиш меёбад», – қайд мекунанд муллифони гузориш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.