Пас аз гузашти 6 моҳи ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон дар Ярославли Русия, гумонбари асосӣ дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуд.
Бино ба
иттилои
Кумитаи тафтишоти Русия, рӯзи 7 декабри соли гузашта назди яке манзилҳои шаҳри Ярославл дар дохили автомашинаи «Тойота Камри» ҷасади ин тоҷикистонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ – 36 зарби корд дарёфт шуда буд.
Мақомоти пулис гуфтаанд, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят як сокини 23-солаи шаҳри Ярославро дастгир кардаанд, ки муддати чандин моҳ пинҳонӣ зиндагӣ мекардааст. Ташхиси ДНК даст доштани ӯ дар қатли муҳоҷири тоҷикро собит кардааст.
Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда барои қатли одам аз 6 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.



