Ярославл: Боздошти гумонбар ба қатли ваҳшиёнаи як тоҷикистонӣ

Пас аз гузашти 6 моҳи ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон дар Ярославли Русия, гумонбари асосӣ дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуд. Бино ба иттилои   Кумитаи тафтишоти Русия, рӯзи 7 декабри соли гузашта назди яке манзилҳои шаҳри Ярославл дар дохили автомашинаи «Тойота Камри» ҷасади ин тоҷикистонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ – 36 […]

ASIA-Plus



Пас аз гузашти 6 моҳи ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон дар Ярославли Русия, гумонбари асосӣ дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуд.

Бино ба

иттилои

  Кумитаи тафтишоти Русия, рӯзи 7 декабри соли гузашта назди яке манзилҳои шаҳри Ярославл дар дохили автомашинаи «Тойота Камри» ҷасади ин тоҷикистонӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ – 36 зарби корд дарёфт шуда буд.

Мақомоти пулис гуфтаанд, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят як сокини 23-солаи шаҳри Ярославро дастгир кардаанд, ки муддати чандин моҳ пинҳонӣ зиндагӣ мекардааст. Ташхиси ДНК даст доштани ӯ дар қатли муҳоҷири тоҷикро собит кардааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда,  дар ин модда барои қатли одам аз 6 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.