«Газпром» корҳои иктишофӣ дар майдони Шоҳамбарии Ғарбиро оғоз мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром) нимаи дуюми соли равон ба корҳои иктишофӣ дар майдони нафту гази Шоҳомбарии Ғарбӣ ҳусни оғоз бахшиданист. Дафтари матбуоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ дар ин робита менависад, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҷаласаи муштараки илмӣ-техникии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Саридораи геология, «Газпром ЭП Интернэшнл Б.В.» ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром) нимаи дуюми соли равон ба корҳои иктишофӣ дар майдони нафту гази Шоҳомбарии Ғарбӣ ҳусни оғоз бахшиданист.

Дафтари матбуоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ дар ин робита менависад, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҷаласаи муштараки илмӣ-техникии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Саридораи геология, «Газпром ЭП Интернэшнл Б.В.» ва ҶС «Газпром зарубежнефтегаз» баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаи амаликунии корҳои геологӣ дар майдонҳои иҷозатномавии ҶСК «Газпром» дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, зикр гардидааст, ки пармачоҳи №1-п «Сариқамиш» дар шароити вазнини геологӣ супориш ва корҳоро ба анҷом расонида, нимаи дуюми соли ҷорӣ корҳои сейсмоиктишофӣ дар майдони «Шоҳамбарии ғарбӣ» оғоз хоҳад ёфт.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҶСП «Зарубежнефтегаз» корҳои пармакунӣ дар майдони Сариқамиш бо чуқурии 6450 метрро ба итмом расонида, тибқи натиҷаҳои кор, ҳашт қишри иншооти имконпазири нафтугаздор ошкор карда шуд, ки барои азхудкунии саноатӣ корношоям арзёбӣ гардиданд.

Қаблан аввали соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар ҷамъи журналистон


 

изҳор карда буд,

 ки ҶСП «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») захираҳои бузурги карбогидридҳои корношоям барои коркарди саноатӣ дар майдони Сариқамиши Тоҷикистонро кашф кардааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данағра) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) 

даст кашида буд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.