Давоми соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ метавонанд 12% – то 14 дирам барои 1 кВт/соат боло бурда шаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2015-2016, болоравии тарифҳо ба истифодаи барқ дар соли 2015 ба ҳисоби миёна 12% ва дар соли 2016 – 6,8%-ро ташкил хоҳад дод.
Бино ба ин маълумоти Вазорат, болоравии тарифҳо ба истифодаи барқ барои аҳолӣ дар соли 2015 ба ҳисоби миёна 12% ва дар соли 2016 – 7,1% пешбинӣ шудааст. Дар маълумот дурнамои нишондиҳандаҳо барои истеъмолгарони дараҷаҳои дигар зикр нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи кишвар маълумоти болоравии тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқро алҳол тасдиқ намекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ахиран тарифҳо ба истифодаи барқ дар Тоҷикистон 1 июли соли гузашта боло рафта буданд. Он замон арзиши барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 15% зиёд шуда буд. Аз ҷумла, тарифи истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 11 дирам то ба 12,6 дирам барои 1 кВт/соат афзун гардида буд.





