Эҳтимоли 12% боло рафтани тарифҳои истифодаи барқ то ахири сол

Давоми соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ метавонанд 12% – то 14 дирам барои 1 кВт/соат боло бурда шаванд. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2015-2016, болоравии тарифҳо ба истифодаи барқ дар соли 2015 ба ҳисоби миёна 12% ва дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми соли ҷорӣ тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ метавонанд 12% – то 14 дирам барои 1 кВт/соат боло бурда шаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2015-2016, болоравии тарифҳо ба истифодаи барқ дар соли 2015 ба ҳисоби миёна 12% ва дар соли 2016 – 6,8%-ро ташкил хоҳад дод.

Бино ба ин маълумоти Вазорат, болоравии тарифҳо ба истифодаи барқ барои аҳолӣ дар соли 2015 ба ҳисоби миёна 12% ва дар соли 2016 – 7,1% пешбинӣ шудааст. Дар маълумот дурнамои нишондиҳандаҳо барои истеъмолгарони дараҷаҳои дигар зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорату идораҳои бахши энергетикаи кишвар маълумоти болоравии тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқро алҳол тасдиқ намекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ахиран тарифҳо ба истифодаи барқ дар Тоҷикистон 1 июли соли гузашта боло рафта буданд. Он замон арзиши барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 15% зиёд шуда буд. Аз ҷумла, тарифи истифодаи барқ барои аҳолӣ аз 11 дирам то ба 12,6 дирам барои 1 кВт/соат афзун гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.