Модару фарзандонаш дар садамаи нақлиёт ҳалок шуданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ҷасадҳои як зан ва ду фарзанди ӯро ҷустуҷӯ доранд, ки шоми рӯзи 30 июн бар асари садамаи нақлиёт дар километри 95-уми роҳи мошингарди Хуҷанд – Душанбе ба ҳалокат расидаанд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Аваз Юлдошев



Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ҷасадҳои як зан ва ду фарзанди ӯро ҷустуҷӯ доранд, ки шоми рӯзи 30 июн бар асари садамаи нақлиёт дар километри 95-уми роҳи мошингарди Хуҷанд – Душанбе ба ҳалокат расидаанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шоми ҳамон рӯз ронандаи автомашаинаи тамғаи «Мерседес», сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода Баҳриддин Сатторов ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина нахуст ба ҷарӣ ва сипас ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафтааст.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари ин садама сокини 29-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Гулҷаҳон Ҳусейнова, писари 4-сола ва духтари 2-солаи ӯ ҳалок шуда, ҳамсар ва падари фарзандон Азизмурод Ҳусейнови 30-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин садамаи нақлиёт ронандаи автомашина осеб надидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.