Баъд аз обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар вилояти Хатлон ва водии Рашт моҳи майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста зарар оварданд, Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба зарардидагон 54 ҳазору 608 евро ҷудо намуд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дорданд, Комиссияи Аврупо тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ чудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуда буд, қабул шуд.
Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд то ин созмон аксари зарардидагонро бо хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла кӯрпачаҳо, кампалҳо, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.
Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда дар муқобили офатҳои табиӣ чун селу ярч, ки қариб ҳар сол инҷо зарба мезананд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад.
Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд.



