Кумаки Комиссияи Аврупо ба зарардидагони обхезӣ ва селобаҳо дар Тоҷикистон

Баъд аз обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар вилояти Хатлон ва водии Рашт моҳи майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста зарар оварданд, Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба зарардидагон 54 ҳазору 608 евро ҷудо намуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дорданд, Комиссияи Аврупо тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар […]

ASIA-Plus



Баъд аз обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар вилояти Хатлон ва водии Рашт моҳи майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста зарар оварданд, Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба зарардидагон 54 ҳазору 608 евро ҷудо намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дорданд, Комиссияи Аврупо тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ чудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуда буд, қабул шуд.

Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд то ин созмон аксари зарардидагонро бо хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла кӯрпачаҳо, кампалҳо, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда дар муқобили офатҳои табиӣ чун селу ярч, ки қариб ҳар сол инҷо зарба мезананд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад.


Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.