Бонки миллӣ сафҳояшро «поккорӣ» мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 197 нафар кормандонашро ихтисор мекунад. Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита хабар дода мешавад, ки  ин ихтисор бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк амалӣ мегардад. Дар маълуомти БМТ қайд мешавад, ки ҳангоми таҳияи сохтори нави БМТ принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 197 нафар кормандонашро ихтисор мекунад.

Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита хабар дода мешавад, ки  ин ихтисор бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк амалӣ мегардад.

Дар маълуомти БМТ қайд мешавад, ки ҳангоми таҳияи сохтори нави БМТ принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, принсипҳои зерин аз қабили, ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ будани сохтори бонк, оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, идорашаванда ва фаъолияти самаранок доштани сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрдории манфиатҳо, роҳ надодан ба такроршавии вазифаҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон аз рӯйи фаъолияти онҳоро номбар кардан мумкин аст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани дигаргуниҳои сохторӣ шумораи воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии БМТ ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд.

Зикр мегардад, ки илова бар ин, тамоми кормандони бонк бояд аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд.

Бино ба маълумоти бонк, сохтори нав ва таҷдидгардидаи БМТ 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ мекунад.

Қайд мешавад, ки баъд аз ин сохторҳои ёрирасони БМТ низ мавриди таҷдиди сохтор қарор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.