Рӯйхати китобҳои манъшудаи «Салафия» дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ номгӯи адабиётеро, ки ақидаву ҳадафҳои равияи динии «Салафия»-ро таблиғ мекунад, нашр намуд. Бо қарори Суди олӣ аз 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи «Салафия» дар Тоҷикистон манъ карда шудааст. Дар маълумоти ВКД таъкид мешавад, ки бо ҳалномаи мазкури Суди Олӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ номгӯи адабиётеро, ки ақидаву ҳадафҳои равияи динии «Салафия»-ро таблиғ мекунад, нашр намуд. Бо қарори Суди олӣ аз 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи «Салафия» дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар маълумоти ВКД таъкид мешавад, ки бо ҳалномаи мазкури Суди Олӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои салафия ворид ва паҳн намудани аудио, видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои ба ин равия таллуқдошта манъ гардидааст.

Ба ин рӯйхати ВКД ҶТ 13 номгӯи китобҳо шомил шудаанд:

1. Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад Оли-ш-Шайх. Шарҳу Фазли-л-ислом ли Шайхилислом Муҳаммад Бин Абдулваҳҳоб ат-Таминӣ. -416 саҳ.

2. Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Шарҳу Ламъату-л-иътиқод ал-ҳодӣ ила сабили-р-рашод ли-л-имом Муваффақиддин ибн Қаддома ал-Мақдисӣ. -136 саҳ.

3. Муҳаммад бин Носир бин Усмон Оли Муъмир. Фавокиру-л-изоб фи муътақад аш-Шайх Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб. -280 саҳ.

4. Абдулазиз ибни Боз. Ал-Ҷуҳуду-л-ҳадисия. -867 саҳ.

5. Фалоҳ ибни Исмоил Мандакор. Ал-Илоқату байна-т-ташайюъу ва-тасаввуф (арзун ва нақдун). -894 саҳ.

6. Мусоид бин Сулаймон ибн Носир ат-Тайёр. Шарҳу Муқаддима фи усули-т-тафсир ли Ибни Таймия. -382 саҳ.

7. Солиҳ бин Абдулазиз бин Муҳаммад бин Иброҳим Оли-ш-Шайх. Ал-Олиу-л-баҳияти фи шарҳи-л-Ақидати-л-воситая ли Ибни Таймия. Ҷилди 1. -617 саҳ.

8. Ибни Таймия. Ал-Маҷмуату-л-олийя (мин кутуби ва расоили ва фатово). – 168 саҳ.

9. Абӯубайд ал-Қосим бини Салом. Китобу-л-имон. Ҳаққақаҳу Муҳаммад Носируддин ал-Албонӣ. -61 саҳ.

10. Абдулқосим Абдулазим. Фазлу илми-с-салаф ала илми-л-халаф (силсилату расоили-д-даъвати-с-салафия). -128 саҳ.

11. Абдулазиз бин Абуллоҳ бин Боз. Фавоиду мина-т-тафсир. -352 саҳ.

12. Убайд бин Абдиллоҳ бин Сулаймон ал-Ҷобирӣ. Тайсиру-л-илоҳ би шарҳи Адиллати шурути ло илоҳа иллалоҳ ли Шайхилислом Муҳаммад бин Абдилваҳҳоб. -64 саҳ.

13. Муҳаммад ибни Солиҳ ал-Усаймин. Ал-Усулу мин илми-л-усул рисола мухтасара фи усули-л-фиқҳ. -103 саҳ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.