Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Норак

Нисбати сармуфтаттиши прокуратураи шаҳри Норак, ки номаш ифшо намегардад, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутобиқи моддаи 319 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дафтари матбуоти Агентии зиддифасод дар шарҳи ин маълумот менависад, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷинии марбут ба лату кӯб ва кӯшиши таҷовуз ба номус […]

Аваз Юлдошев



Нисбати сармуфтаттиши прокуратураи шаҳри Норак, ки номаш ифшо намегардад, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мутобиқи моддаи 319 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дафтари матбуоти Агентии зиддифасод дар шарҳи ин маълумот менависад, дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҷинии марбут ба лату кӯб ва кӯшиши таҷовуз ба номус сармуфаттиш аз як шаҳрванд ба сифати пора 5 ҳазор доллари ИМА талаб мекунад.

Ба иттилои манбаъ, давоми рӯзҳои 16-17 июн сармуфтаттиш дар ҳуҷраи кории худ аз шаҳрванд «О» 600 доллари ИМА, 1700 сомонӣ ва 3 ҳазор рубли русӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, рӯзи 18 июн сармуфаттиш ҳангоми гирифтани миқдори навбатии пора дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА дастгир шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.