Суқути ҳавопаймо дар Индонезия 140 кушта бар ҷой гузошт

Шумораи қурбониёни суқути ҳавопаймои «Геркулес Cи-130 Би» дар Индонезия ба 140 нафар расид. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», қаблан аз марги 30 кас хабар дода мешуд. Ҷасади қурбониён ба майитхонаи шаҳри Медан тақдим гардид. Гуфта мешавад, то кунун теъдоди дақиқи мусофирони ҳавопаймои дучори шикаст маълум нест. Аммо тибқи баъзе фарзияҳо ҳангоми ҳодиса […]

ASIA-Plus



Шумораи қурбониёни суқути ҳавопаймои «Геркулес Cи-130 Би» дар Индонезия ба 140 нафар расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», қаблан аз марги 30 кас хабар дода мешуд. Ҷасади қурбониён ба майитхонаи шаҳри Медан тақдим гардид.

Гуфта мешавад, то кунун теъдоди дақиқи мусофирони ҳавопаймои дучори шикаст маълум нест. Аммо тибқи баъзе фарзияҳо ҳангоми ҳодиса дар дохили ҳавопаймо 12 ҳайати сарнишин ва 101 мусофир қарор дошт.

Зикр мегардад, ки ҳодиса дар ҷазираи Суматра ба қайд гирифта шуда, ҳавопаймо пас аз чанд лаҳзаи парвоз аз пойгоҳи низомии Медан ба фалокат дучор омадааст.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои мазкур дорои 4 муҳаррик буда, 50 сол боз мавриди истифода қарор дошт ва дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор парвози чунин тамғаи ҳавопаймоҳо манъ карда шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.