Барои истифодаи рақами алоқаи мобилӣ пардохтпулӣ ҷорӣ шуд

Дар Тоҷикистон аз 1 июл барои истифода аз рақам дар ҳаҷми 80 дирам пардохти моҳона ҷорӣ шуд. Ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ дар ин бора хабар додаанд, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 аз 09.06.2015с. ва Нархномаи ҳаққи пардохти захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Хадамоти […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон аз 1 июл барои истифода аз рақам дар ҳаҷми 80 дирам пардохти моҳона ҷорӣ шуд.

Ширкатҳои мобилӣ дар сомонаҳои расмии худ дар ин бора хабар додаанд, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1-649 аз 09.06.2015с. ва Нархномаи ҳаққи пардохти захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи тасдиқ карда шуда, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, аз санаи 01.07.2015с. пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад.

«Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарипулии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад», – омадааст дар маълумоти ширкатҳои мазкур.

Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон бо аҳолии беш аз 8 млн. нафар айни замон 11, 2 млн. муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор сим-кортҳои ҳудуди 6,5 млн. нафарашон фаъол будаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо фармоиши Хадамоти алоқа, аз 1 июли соли 2015 дар тамоми нақшаҳои тарифӣ, аз ҷумла телефонҳои статсионарӣ (хонагӣ) ва рақамҳои NGN бо назардошти андозҳо барои ҳар як рақам 50 дирам пардохти моҳона муқаррар шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.