САҲА роҳ додани маҳкумшудагон ба интихобот дар Тоҷикистонро тавсия медиҳад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои омӯзиши тавсияҳои Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) аз рӯи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 март гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки алҳол тавсияҳои […]

Аваз Юлдошев



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои омӯзиши тавсияҳои Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) аз рӯи натиҷаҳои интихоботи парлумонии 1 март гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки алҳол тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА ба КМИР дастрас нашуда, вале дар сомонаи расмии миссия интишор шудаанд.

«Ҳамагӣ 31 тавсия дарҷ ёфтааст, ки ба корҳои ташкилу баргузории интихобот, бақайдгирии интихобкунандагон ва номзадҳо ба вакилӣ, кор бо ВАО, санҷиши донистани забони давлатӣ аз номзадҳо, нозирони миллӣ аз аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар марбут аст», – қайд кард Додозода.

Намояндаи КМИР Тоҷикистон таъкид дошт, ки баъзе тавсияҳои ин ниҳод умуман ба меъёрҳои Конутитутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат намекунанд.

«Масалан, ба мо тавсия медиҳанд, ки ба овоздиҳӣ ба интихобот маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноятҳо роҳ дода шаванд, ки тибқи Конститутсияи Тоҷикистон манъ аст ё тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА дар бораи ба раъйдиҳанда додани ҳуқуқи дар як вақт овоз додан ба якчанд номзадҳо ба вакилӣ, ки ба усули «як интихобкунанда – як овоз» созгор нест», – таъкид дошт намояндаи КМИР.

Ба гуфтаи ӯ, бо тавсияи ДИДҲБ/САҲА дар интихоботи гузашта муҳлати бозхонди номзадҳо ба вакилӣ аз интихобот дақиқан – 7 рӯз муқаррар шуда буд. «Акнун ба мо тавсия медиҳанд, ки ин муҳлатро то 10 рӯз, яъне то санаи омода шудани варақаҳои раъйдиҳӣ дароз кунем. ДИДҲБ/САҲА ҳамчунин тавсия медиҳад, ки иштироки нозирон аз аҳзоби сиёсии кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори комисияҳои интихоботии қитъавӣ таъмин карда шавад, ки тибқи қонунгузории кишвар манъ нашудааст», – афзуд Додозода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.