Як зани тоҷики дар Сурия ҳузурдошта аз ҳукуматдорон кумак дархост кард

Заррина Сардорова, як зани 33-солаи дар Сурия ҳузурдошта, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як вақт се шавҳар доштааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост намуд, ки ӯро наҷот диҳанд. Дар гузориши телевизонӣ, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳия шуда, рӯзи 30 июн тариқи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, таъкид мешавад, ки аввали моҳи […]

ASIA-Plus



Заррина Сардорова, як зани 33-солаи дар Сурия ҳузурдошта, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як вақт се шавҳар доштааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост намуд, ки ӯро наҷот диҳанд.

Дар гузориши телевизонӣ, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳия шуда, рӯзи 30 июн тариқи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, таъкид мешавад, ки аввали моҳи январ ин зан ба модар ва шавҳараш изҳор намудааст, ки муддати як ҳафта барои истироҳат ба Туркия меравад. Шавҳари ӯ Рустам Раҳмонов барои сафари ҳамсараш ба Истамбул аз бонк дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.

Вақте ки дар муҳлати муқарраршуда зан ба Душанбе барнамегардад, кормандони ВКД Тоҷикистон муайян мекунанд, ки ӯ дар қаламрави Сурия қарор дорад.

«Муайян карда шуд, ки ҳангоми иқомат дар Душанбе зан дар як вақт ду шавҳар дошта, маросими никоҳи ӯ бо шавҳари дуюмашро роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузаронидааст», – қайд шуд дар гузориши телевизионӣ.

Ҳамчунин дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон таъкид мешавад, ки ҳангоми дар Сурия қарор доштанаш З.Сардорова ба марди сеюм ҳам ба шавҳар баромадааст.

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ин зан аз ҳукуматдорони Тоҷикистон таваллову зорӣ мекунад, ки ӯро наҷот дода, ба бозгашташ ба ватан мусоидат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.