Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз 1 июл пардохти маблағ барои истифодаи рақам дар ҳаҷми 80 дирам дар як моҳро ҷорӣ мекунанд;

– Ҳисобнома-фактураҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар Тоҷикистон танҳо дар шакли элекронӣ қабул карда мешаванд;

– Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати пӯшида шудани мавсими 74-уми театрӣ гала-консерт доир мегардад. Оғоз соати 18-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

7.0133

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1170

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ.


1960

– Нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии шӯравӣ дар фазои болои баҳри Баренс ҳавопаймоии ҷосусии Амрикоро нобуд карданд.


1931

– Мавриди истифода қарор гирифтани конҳои ангиштсанги № 1-3 дар Шӯроб.


1939

– Ифтитоҳи корхонаи таъмири автомобилҳои Конибодом (баъдтар – корхонаи механикӣ, корхонаи «Қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо», ҶС Бодом»).


2009

— Дар Тоҷикистон низоми нави бақайдгирии корхонаҳо – «Равзанаи ягона» ҷорӣ карда шуд.


2010

— Хатти интиқоли барқи «Варзоб – Айнӣ» ба истифода дода шуд, ки тавассути он водии Зарафшон бо барқи арзон таъмин карда мешавад.


2010

— Дар Душанбе маросими ифтитоҳи бинои филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов баргузор шуд.


1915-1982

– Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулҳамид Нурматов.


1932-1984

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ Мунира Яъқубова.


1935

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Пӯлодов.


1951

– Мавлуди журналист Судуриддин Маҳкамов.


1951

– Зодрӯзи журналист Саломиддин Мирзораҳматов.


1952

– Мавлуди олим, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.


1959

– Зодрӯзи журналист Зарринаи Хушвақт.


1969

– Мавлуди оҳангсоз Хайриддин Ализода.


1990

—Зодрӯзи журналист Саодат Раҳимӣ.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +22+27.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +14+19.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

spot_imgspot_img

Популярное