Тоҷикистону Молдова Барномаи нави ҳамкориҳоро таҳия мекунанд

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар Душанбе Протокол ба имзо расид. Ин санадро ҳамраисони комиссия аз ҷониби Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби Молдова – муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз рӯи натиҷаҳои

ҷаласаи дуюми

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар Душанбе Протокол ба имзо расид.

Ин санадро ҳамраисони комиссия аз ҷониби Тоҷикистон – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби Молдова – муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак ба имзо расониданд.

Дар ин санад тавсия дода мешавад, ки баҳри ноил гардидан ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлӯи иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ, таҳияи лоиҳа ва имзои Барномаи нави дарозмуҳлати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикиситону Молдова барои солҳои 2015-2020 мувофиқи мақсад аст.

Комиссия қарор кард, ки ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ соли 2016 дар шаҳри Кишинев доир мегардад. Ҷаласаи якуми комиссияи мазкур соли 2004 дар шаҳри Кишинев баргузор гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.