Вазорати молия: БОСЗ, БҶ ва БОР ба рақобат напардохта, ҳамдигарро мукаммал мекунанд

Рӯзи 29 июн дар Пекин Созишнома дар бораи таъсиси Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ (БОСЗ)-ро намояндагони 57 кишвари дунё ба имзо расониданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ин санадро вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ба имзо расонид. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, вазифаи аслии бонки байнулмилалии нав рушди зербино дар Осиё пешбинӣ шудааст ва ин ҳам […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзи 29 июн дар Пекин Созишнома дар бораи таъсиси Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ (БОСЗ)-ро намояндагони 57 кишвари дунё ба имзо расониданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ин санадро вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, вазифаи аслии бонки байнулмилалии нав рушди зербино дар Осиё пешбинӣ шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки таъиноти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) аслан аз байн бурдани камбизоатӣ унвон мешавад. «Аз ин рӯ, ин сохторҳо миёни худ ба рақобат напардохта, бештар ҳамдигарро мукаммал месозанд», – чунин мешуморанд дар вазорат.

Гуфта мешавад, эҳтимол меравад, ки сармояи аввалияи БОСЗ 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Ҳиссаи кишварҳо – саҳҳомони бонк ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо вобаста хоҳад буд.

Ташаббускор ва саҳҳоми бузургтарини ин бонк Чин аст, ки саҳмаш дар сармояи бонк то сатҳи 30% пешбинӣ мешавад. Қароргоҳи ин ниҳоди молии нав дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин ҷойгир шуда, Оинномаи бонк нимаи дуюми соли 2015 тасдиқ хоҳад шуд.

«БОСЗ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон ба рушди зербино ва дастёбӣ ба рушди зуд, устувор ва муътадили иқтисод ва ба давлатҳои рушдёфта барои тавсеъаи талаботи худ дар сармоягузорӣ ва ҳавасмандсозии иқтисод шароити мусоид фароҳам хоҳад овард», – бовар доранд дар Вазорати молия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.