Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва кушта шудани духтарчаи 6-сола ба қайд гирифта шуд.
Як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 30 июн дар қаламрави гаражҳои кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳр ҷасади духтарчаи 6-сола бо аломатҳои марги маҷбури ва осори буғӣ кардану
алоқаи ҷинсӣ
дарёфт шудааст.
Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд В.И. боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягии ин духтарча иқомат доштааст.
Боздоштшуда қаблан мутобиқи моддахои 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан), 104 (Одамкушӣ) ва 139, қ. 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) маҳкум шуда будааст.
Зикр гардид, ки нисбати В.И. мувофиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.





