Хуҷанд: Таҷовуз ба номус ва кушта шудани духтарчаи 6-сола

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва кушта шудани духтарчаи 6-сола ба қайд гирифта шуд. Як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 30 июн дар қаламрави гаражҳои кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳр ҷасади духтарчаи 6-сола бо аломатҳои марги маҷбури ва осори буғӣ кардану  алоқаи […]

Мавлуда Рофиева



Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва кушта шудани духтарчаи 6-сола ба қайд гирифта шуд.

Як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 30 июн дар қаламрави гаражҳои кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳр ҷасади духтарчаи 6-сола бо аломатҳои марги маҷбури ва осори буғӣ кардану 

алоқаи ҷинсӣ 


дарёфт шудааст.

Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд В.И. боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягии ин духтарча иқомат доштааст.

Боздоштшуда қаблан мутобиқи моддахои 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур  сохтани зан), 104 (Одамкушӣ) ва 139, қ. 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) маҳкум шуда будааст.

Зикр гардид, ки нисбати В.И. мувофиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.