Шукурҷон Зуҳуров рухсатиашро дар Кисловодск мегузаронад

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 2 июл тариқи Маскав ба шаҳри Кисловодстк раҳсипор гардид, ки дар яке аз табобатгоҳҳои ин шаҳр қисмате аз рухсатии меҳнатии худро мегузаронад ва дар ин сафар ӯро аҳли оилааш ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматӣ хабар дод. Шукурҷон Зуҳуров аз моҳи […]

ASIA-Plus



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 2 июл тариқи Маскав ба шаҳри Кисловодстк раҳсипор гардид, ки дар яке аз табобатгоҳҳои ин шаҳр қисмате аз рухсатии меҳнатии худро мегузаронад ва дар ин сафар ӯро аҳли оилааш ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои ҳукуматӣ хабар дод.

Шукурҷон Зуҳуров аз моҳи марти соли 2010 ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ифои вазифа намуда, моҳи марти соли 2015 дубора ба ин мансаб интихоб шуд. Ӯ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт вакили парлумон интихоб шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти шахсии нафарони аввали давлат пӯшида аст. Ба гунаи мисол, шаҳрвандони ҷумҳурӣ муддати 23 сол аз замони сарвари давлат интихоб шудани президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, то ҳанӯз дар бораи ба куҷо афзалият додану дар куҷо истироҳат кардани ӯ дар вақти рухсатии меҳнатӣ маълумоти саҳеҳ дарёфт карда наметавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.