Мусоидати БАТР ба сохтмони нахустин гипермаркет дар Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) минбаъд низ ба сохтмони нахустин гипермаркет дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дафтари матбуоти бонк дар ин робита менависад, БАТР ба сармояи саҳмиявии ширкати «Шивер Тоҷикистон», дорандаи франшизаҳои гипермаркетҳои Ашан (Aushan) дар кишвар сармоягузорӣ мекунад. Ба иттилои манбаъ, БАТР ва ширкати Шивер рӯзи 30 июни соли равон як созишномаи саҳҳомиро ба имзо […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) минбаъд низ ба сохтмони нахустин гипермаркет дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дафтари матбуоти бонк дар ин робита менависад, БАТР ба сармояи саҳмиявии ширкати «Шивер Тоҷикистон», дорандаи франшизаҳои гипермаркетҳои Ашан (Aushan) дар кишвар сармоягузорӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, БАТР ва ширкати Шивер рӯзи 30 июни соли равон як созишномаи саҳҳомиро ба имзо расонидаанд, ки мутобиқи он бонк ба сифати саҳҳоми миноритарӣ дар ширкати «Шивер Тоҷикистон» муқаррар мешавад ва ҳиссаи БАТР дар сармояи саҳҳомии ин ширкат 34%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки БАТР қаблан ҳам ба сифати қарз ба ширкат маблағгузорӣ карда буд. Моҳи ноябри соли 2014 президенити БАТР Сума Чакраборти ва директори генералии ширкати «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе барои маблағгузорӣ ба ифтитоҳи нахустин гиермаркет дар кишвар созишномаи қарзӣ ба имзо расонида, бастаи умумии молиявии БАТР барои «Шивер Тоҷикистон» 5 млн. евроро ташкил медиҳад.

Директори генералии «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе дар ин робита таъкид доштааст, ки ҷорсозиии савдои чаканаи муосир як инқилоберо дар Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, ба таъмини амнияти ғизойӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

«Гипермаркети мо «Ашан» бо номгӯи зиёди маҳсулоти хушсифат ва нархҳои дастрас мағозаи писандида барои ҳама хоҳад шуд», – иброз доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.