Оғози давраи тобистонаи таълим дар Қувваҳои Мусаллаҳ



Шурӯъ аз якуми июл дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраи тобистонаи таълим – марҳилаи душвори таълими ҷангӣ оғоз ёфт, ки дар доираи он тамоми қисму воҳидҳои низомӣ тибқи барномаи пештар тасдиқшуда омӯзиш мегиранд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи синфҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаи муосир ва адабиёти зарурӣ таъмину муҷаҳҳаз шудаанд.

Ба қавли манбаъ, дар қиёс бо давраи зимистонаи таҳсил, дар давраи тобистона, ки то 31 уми декабр давом мекунад, ба масоили марбут ба гузаронидани машқҳои саҳроӣ, тамринҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ҷамъомадҳо дар машқгоҳҳои ҳарбӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда хоҳад шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное