Баргузории Рӯзҳои пойтахт дар шаҳракҳо мутаваққиф шуд

Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи аз 30 апрел то 31 декабр рӯзҳои панҷшанбе гузаронидани рӯзҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мутаваққиф карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»» як манбаъ аз маъмурияти раиси шаҳр иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, раиси шаҳр чунин қарорро дар робита бо моҳи шарифи Рамазон ва гармии тоқатфарсо дар шаҳр […]

Аваз Юлдошев



Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи аз 30 апрел то 31 декабр рӯзҳои панҷшанбе гузаронидани рӯзҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мутаваққиф карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»» як манбаъ аз маъмурияти раиси шаҳр иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, раиси шаҳр чунин қарорро дар робита бо моҳи шарифи Рамазон ва гармии тоқатфарсо дар шаҳр қабул кардааст.

Ёдрас мекунем, дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо камиссияи махсус таъсисёфтаи мақомоти шаҳрӣ бо мушкилоти сокинон шинос мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони хадамоти коммуналӣ, шабакаҳои барқу обтаъминкунӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил ҳастанд.

Онҳо муддати рӯзи пешакӣ муайяншуда бо аҳолӣ суҳбат анҷом дода, арзу шикоят ва пешниҳодоти онҳоро қабул мекарданд. Кори комиссия дар шаҳракҳо ҳамон рӯз дар маҷлис бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев натиҷагирӣ карда мешуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.