Сафири Олмон: Демократикунонии ҷомеа кафили сулҳу субот аст

Сафири Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грин зимни нишасти хабарие, ки дар Дафтари ИА доир гардид, гуфт, Олмон ҳамчун узви ИА ба ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ҳавасманд аст. Ба назари ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёре аз кишварҳо суботи кишвар дар натиҷаи идораи нодурусти давлат аз даст меравад. «Демократикунонии ҷомеа метавонад кафили сулҳу суботи […]

Меҳрангез Турсунзода



Сафири Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грин зимни нишасти хабарие, ки дар Дафтари ИА доир гардид, гуфт, Олмон ҳамчун узви ИА ба ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ҳавасманд аст.

Ба назари ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёре аз кишварҳо суботи кишвар дар натиҷаи идораи нодурусти давлат аз даст меравад.

«Демократикунонии ҷомеа метавонад кафили сулҳу суботи кишвар гардад»,-зикр кард сафири Олмон ва ҳамчунин афзуд, ки Олмон то соли 2020 дар ҳаҷми 190 миллион евро ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа изҳор намуд, ки таъмини волоияти қонун, ки барои ҳифзи суботи Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст, принсипҳои муҳими ИА ба шумул меравад ва Фаронса ба ин принсип ҳамфикр буда, аз он пуштибонӣ мекунад.  «Сулҳу субот бидуни демократикунонии ҷомеа номумкин аст», – афзуд сафир. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.