Аз аттестатсия нагузаштани 10%-и омӯзгорони Донишгоҳи исломӣ

10 дарсади омӯзгорони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз санҷиши сатҳи тахассусӣ (аттестатсия) нагузашта, ихтисор карда шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода иттилоъ дод, аттестатcияи омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи аттестастия беш аз 90 дарсади омӯзгорон соҳибихтисос эътироф ва 10 дарсади дигари онҳо ихтисор шуданд. […]

Мавзуна Абдуллоева



10 дарсади омӯзгорони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз санҷиши сатҳи тахассусӣ (аттестатсия) нагузашта, ихтисор карда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода иттилоъ дод, аттестатcияи омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи аттестастия беш аз 90 дарсади омӯзгорон соҳибихтисос эътироф ва 10 дарсади дигари онҳо ихтисор шуданд. «Акнун Донишгоҳи исломии Тоҷикистон рӯзҳои оянда дар рӯзномаи соҳавии Омӯзгор барои омӯзгорон дар бораи эълони озмун маълумт хоҳад дод», – гуфт ӯ.

Ба қавли ректор, аз моҳи сентябри соли равон дар нақшаи таълимии донишгоҳи исломӣ тағйирот ворид шуда, акнун донишҷӯён соҳиби ду ихтисос мешаванд –  ҳам ихтисоси информатика ва ҳам забони арабӣ. «Қаблан онҳо фақат соҳиби як ихтисос мешуданд, ки ин ҳам бошад дарс гуфтан аз забони арабӣ буд», – гуфт номбурда.

Интизор меравад, ки дар соли нави таҳсил Донишгоҳи исломӣ беш аз 300 донишҷӯёнро қабул кунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.