Дарёфт ва мусодираи 18 тонна маводи мухаддир дар Колумбия ва Испания

Дар Колумбия кормандони мақомоти полис зимни гузаронидани корҳои тафтишотӣ аз қочоқгарон ба қариб 2 тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», амалиёт дар бандари Буэнавентура, воқеъ дар минтақаҳои наздисоҳилии мамлакат дар уқёнуси Ором сурат гирифт. Аз ин миқдор 1,5 тоннааш какаин буда, арзиши он дар бозори сиёҳ […]

ASIA-Plus



Дар Колумбия кормандони мақомоти полис зимни гузаронидани корҳои тафтишотӣ аз қочоқгарон ба қариб 2 тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», амалиёт дар бандари Буэнавентура, воқеъ дар минтақаҳои наздисоҳилии мамлакат дар уқёнуси Ором сурат гирифт. Аз ин миқдор 1,5 тоннааш какаин буда, арзиши он дар бозори сиёҳ 43,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин аз қочоқгарон ба миқдори 480 килограмм маводи махсус барои омоданамоии маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол кормандони мақомоти полиси Испания ҳам аз як кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан хавфнок пешгирӣ кардаанд. Киштии ҳомили маводи мухаддир тахти парчами Конго ҳаракат мекардааст. Маводи мусодирашуда навъи ҳашиш буда, вазни он 16 тоннаро ташкил медиҳад. Арзиши ин бори марговар дар бозори сиёҳ 24 миллион евро тахмин зада мешавад. Бо ҷурми интиқоли ин бори марговар 9 нафар бо шумумли 6 шаҳрванди Сурия ва 3 шаҳрванди Ҳиндустон дастгир карда шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.