Қаллобии роҳбари ширкати сохтмонӣ дар ҳаҷми 94 ҳазор $

Бар асоси аризаи сокини 24-солаи шаҳри Душанбе кормандони милиса ба гумони даст доштан дар қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд роҳбари 51-солаи ширкати «Союз Сохтмон»-ро боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, роҳбари ширкати сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ин шаҳрванд даромада, аз ӯ 26 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, […]

ASIA-Plus



Бар асоси аризаи сокини 24-солаи шаҳри Душанбе кормандони милиса ба гумони даст доштан дар қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд роҳбари 51-солаи ширкати «Союз Сохтмон»-ро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, роҳбари ширкати сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ин шаҳрванд даромада, аз ӯ 26 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди маҳаллаи-83 аз бинои баландошёнаи навсохтмон, ба ӯ хонаи истиқоматӣ медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Гуфта мешавад, номбурда моҳи июли соли 2014 низ бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин роҳбари ширкат моҳи декабри соли 2013 бо ҳамин роҳ аз марди 44-солаи сокини пойтахт 48 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки боздоштшуда пеш бо моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 253 (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.