Оғози давраи тобистонаи таълим дар Қувваҳои Мусаллаҳ

Шурӯъ аз якуми июл дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраи тобистонаи таълим – марҳилаи душвори таълими ҷангӣ оғоз ёфт, ки дар доираи он тамоми қисму воҳидҳои низомӣ тибқи барномаи пештар тасдиқшуда омӯзиш мегиранд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи синфҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо […]

Аваз Юлдошев



Шурӯъ аз якуми июл дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давраи тобистонаи таълим – марҳилаи душвори таълими ҷангӣ оғоз ёфт, ки дар доираи он тамоми қисму воҳидҳои низомӣ тибқи барномаи пештар тасдиқшуда омӯзиш мегиранд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи синфҳои таълимӣ ва машқгоҳҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаи муосир ва адабиёти зарурӣ таъмину муҷаҳҳаз шудаанд.

Ба қавли манбаъ, дар қиёс бо давраи зимистонаи таҳсил, дар давраи тобистона, ки то 31 уми декабр давом мекунад, ба масоили марбут ба гузаронидани машқҳои саҳроӣ, тамринҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ, ҷамъомадҳо дар машқгоҳҳои ҳарбӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.