Нимаи дуюми рӯзи 3 июли соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати Сейми Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) таҳти роҳбарии ноиби Маршали Сейми кишвари номбурда Ежи Вендерлихро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Лаҳистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо инчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.



