Аз оғози соли равон 5 ҳазору 488 нафар шаҳрвандони хориҷӣ иҷоази кор дар Тоҷикистонро дарёфт намуданд.
Аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ин шумор 138 нафарашон шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик ва 5 ҳазору 350 нафарашон шаҳрвандони давлатҳои хориҷи дур мебошанд.
Гуфта мешавад, аз шумори умумии шаҳрвандони хориҷии расман иҷозаи кор дарёфткарда, 4 ҳазору 392 нафар дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, 702 нафар – дар вилояти Суғд, 369 нафар – дар вилояти Хатлон ва 25 нафар – дар ВМКБ машғули коранд.
Зимнан зикр гардид, ки аксари шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Тоҷикистон иҷозаи расмии кор гирифтаанд, шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки дар амалисозии лоиҳаҳои бузург дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд.





