Дидори сафири Тоҷикистон бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук



Аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор гардид.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия дар ин робита иттилоъ доданд, ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаро мусбат арзёбӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи онҳо миёни Тоҷикистон ва ин Созмонро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное