Хизматрасонӣ ба 528 ҳазор нафар мусофирон дар ФБД

Рӯзи 7 июл ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхонаҳо баргузор гардид. Сараввал бахшҳои иқтисодии корхонаҳо марвиди таҳлил қарор гирифт ва баъдан масъалаҳои вобаста ба маркетинг ва масоили иҷтимоии корхонаҳо баррасӣ шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки новобаста аз […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 7 июл ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхонаҳо баргузор гардид.

Сараввал бахшҳои иқтисодии корхонаҳо марвиди таҳлил қарор гирифт ва баъдан масъалаҳои вобаста ба маркетинг ва масоили иҷтимоии корхонаҳо баррасӣ шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки новобаста аз бӯҳрони иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ ва кам шудани адади мусофирон ҳарду корхона роҳҳои баромадан аз бӯҳрони иқтисодӣ ва фаъол нигоҳ доштани парки ҳавопаймоӣ, маҷмӯи хизмарасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳоро кор карда баромада дар шаш моҳи сипаришуда нишондиҳандаҳои иқтисодии заруриро ноил гардиданд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ширкати ҳавопайми «Тоҷик Эйр» 826 парвози рафтуомад анҷом дода, 154 ҳазору 500 мусофирро интиқол дода шудааст. Ҳаҷми интиқоли бор бошад, 428,4 тоннаро ташкил кард. Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникӣ савияи тахассуси худро баланд бардошта, 5 нафар муҳандис соҳиби дараҷаи якум 1нафар муҳандис соҳиби дараҷаи дуюм, 5 нафар техники ҳавопаймо соҳиби дараҷаҳои гуногун гардиданд. 29 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ таҷриба меомӯзанд. Бозомӯзии касбии ҳавонавардон ва тайёр кардани ҳайати парвозӣ доир гардида, барои ҳавопаймои Боинг-737-200- 2 нафар ҳавонаварди дараҷаи дуюм, барои Боинг-737-300- 2 нафар сарҳавонавард ва 3 нафар борт механик омода карда шуданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 528 ҳазор (ҳамин давраи соли гузашта- беш аз 658 ҳазор нафар) мусофир хизмат расонида шудааст. Миқдори бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда 1434 тоннаю 704 кг ро ташкил кард.   Вобаста ба масъалаҳои хизматрасониҳои рӯизаминӣ ба ҳавопаймоҳо, таъмини амнияти авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, дидани арзу шикоятҳо, ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва беҳтар кардани шароити меҳнат ва зисти кормандони корхонаҳо гуфтугӯй сурат гирифт.

Дар интиҳои ҷаласа иброз дошта шуд, ки корхонаҳо суръати фаъолияти худро суст накарда дар самти беҳтар гардонидани ваъи молиявӣ ва навсозии парки ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон чораҳои мушаххас бинанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.