Гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар Уфа



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)  вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин ва вохӯриҳо бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони муқими Русия дар назар аст.

Қайд мешавад, ки зимни ин сафар сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуда, чанд мулоқоти дигари дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом хоҳад дод.

spot_imgspot_img

Популярное