Гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар Уфа

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)  вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)  вориди шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Уфа Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Ҳамитов, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев, намояндагони баландпояи мақомоти марказии Федератсияи Русия ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин ва вохӯриҳо бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ва бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикону ҳамватанони муқими Русия дар назар аст.

Қайд мешавад, ки зимни ин сафар сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуда, чанд мулоқоти дигари дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.