Кишварҳои БРИКС бонки умумӣ таъсис доданд

Бонкҳои марказии кишварҳои аъзои БРИКС – Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар бораи таъсиси Бонки умумии рушд бо фонди захираҳои асъори 100 млрд. доллари ИМА созишнома ба имзо расониданд. Бино ба иттилои Бонки Русия, дар ин санад ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни созишнома ва ҳамчунин қоидаву тартиботе дарҷ ёфтаанд, ки бояд аз ҷониби кишварҳои узви […]

ASIA-Plus



Бонкҳои марказии кишварҳои аъзои БРИКС – Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ дар бораи таъсиси Бонки умумии рушд бо фонди захираҳои асъори 100 млрд. доллари ИМА созишнома ба имзо расониданд.

Бино ба

иттилои

Бонки Русия, дар ин санад ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни созишнома ва ҳамчунин қоидаву тартиботе дарҷ ёфтаанд, ки бояд аз ҷониби кишварҳои узви БРИКС ба иҷро расанд.

Хабаргузории

Lenta.ru

дар ин робита менависад, ин механизми суғуртавӣ барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ дар кишварҳои узв таъсис ёфта, дар сурати зарурат онҳо метавонанд дар давраи ноустувории иқтисод барои фавран касри буҷетро пӯшонидан аз маблағҳои ин фонд истифода кунанд.

Гуфта мешавад, тибқи уҳдадориҳои қабулшуда, ба ин фонд Чин – 41 млрд., Бразилия, Ҳиндустон ва Русия – ҳар кадоме 19 млрд. ва Африқои Ҷанубӣ – 5 млрд. доллари ИМА саҳмгузорӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.