Шумори ғарқшудагон дар 7 рӯзи моҳи июл 11 баробар аз соли гузашта зиёдтар аст

Ҳафтаи аввали моҳи июл дар обанбору дарёву кӯл ва дигар макони оббозии Тоҷикистон 23 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафари онҳо ҳоло ба синни 17-солагӣ нарасида буданд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар шаҳрвандони кишвар ҳангоми […]

Аваз Юлдошев



Ҳафтаи аввали моҳи июл дар обанбору дарёву кӯл ва дигар макони оббозии Тоҷикистон 23 нафар ғарқ шуданд, ки 14 нафари онҳо ҳоло ба синни 17-солагӣ нарасида буданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2 нафар шаҳрвандони кишвар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.

«Сабаби асосии босуръат афзудани шумори ғарқшудагон дар об гармии беҳад зиёду тоқатфарсо ва риоя накардани қоидаҳои оддии бехатарӣ аст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки танҳо рӯзи 7 июл дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон 2 нафар шаҳрвандони 12 ва 28-сола ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, ҷӯстуҷӯи ҷасадҳои онҳо то ҳол идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.