Коршинос: Дар лаҳзаи душвор Тоҷикистон набояд ба СААД умедвории зиёд дошта бошад

– Дар сурати шиддат гирифтани вазъи ноамнӣ дар марз бо Афғонистон, ки тибқи маълумоти расида дар он ҷо аллакай таҷаммӯъи ҷангиён ва террористон ба мушоҳида мерасад, Тоҷикистон набояд ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) умедвории зиёд дошта бошад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат. Ба қавли ӯ, СААД […]

Аваз Юлдошев



– Дар сурати шиддат гирифтани вазъи ноамнӣ дар марз бо Афғонистон, ки тибқи маълумоти расида дар он ҷо аллакай таҷаммӯъи ҷангиён ва террористон ба мушоҳида мерасад, Тоҷикистон набояд ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) умедвории зиёд дошта бошад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат.

Ба қавли ӯ, СААД замони авҷи даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, моҳи майи соли 1992 дар Тошканд таъсис дода шуда, муддати мавҷудияти худ боре ҳам дар ҳаллу фасли мушкилот ва ихтилофҳо дар кишварҳои узви Созмон саҳми босазое нагузоштааст.

«СААД барои хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, вуруди ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба ҷануби Қирғизистон соли 1999, хунрезиҳо миёни қирғизҳову ӯзбекҳо дар Ош соли 2010 ва умуман ба даъвати президенти онвақтаи Қирғизистон Роза Отунбаева ҳеҷ тасмиме рӯйи кор нагирифта буд», – қайд кард сиёсатшинос.

Ӯ таъкид дошт, беҳуда нест, ки сиёсатмадори дурандеш, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хориҷ шудан аз ҳайати СААД-ро афзал шумурд, зеро беш аз касони дигаре ӯ бефоидаву ҳеҷкора будани ҳузури кишвари худ дар ин Созмонро дарк намуд.

«Моҳи сентябри соли гузашта сарони кишварҳои узви СААД – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи кумак ба марзбонони тоҷик барои таҳкими марз бо Афғонистон қарор қабул карданд. Як сол сипарӣ мешавад, вале ин қарор иҷронашуда боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, танҳо Беларус ва Арманистон ба марзбонони тоҷик ба маблағи умумии якчанд миллион доллар сарулибоси махсус ва автомобилҳои боркаш фиристодаанд, авиатсияи ваъдагӣ, муҳимоти ҷангӣ ва техникаро бошад, Тоҷикистон то ҳол дастрас накардааст», – афзуд коршинос.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 8 июл ИМА ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5 млн. доллари ИМА 87 адад автомобилҳои махсуси истеҳсоли Ҷопон тақдим кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.