Эҳтимоли баъди Русия дар Тоҷикистон ҳам гароншавии сӯзишворӣ

Васоити хабори умуми Русия аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварашон маълумот медиҳанд. Гуфта мешавад, маводи сӯзишворӣ аз ҳама бештар дар Сибир (44 тин барои 1 литри бензини Аи-95) ва минтақаи Русияи Марказӣ (24 тин барои 1 литр бензинаи Аи-95) гарон шудааст. Нашрияи «Ведомости» дар ин робита менависад, аз 28 июн то 5 июл дар саросари […]

Пайрав Чоршанбиев



Васоити хабори умуми Русия аз болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварашон маълумот медиҳанд.

Гуфта мешавад, маводи сӯзишворӣ аз ҳама бештар дар Сибир (44 тин барои 1 литри бензини Аи-95) ва минтақаи Русияи Марказӣ (24 тин барои 1 литр бензинаи Аи-95) гарон шудааст.

Нашрияи «Ведомости» дар ин робита менависад, аз 28 июн то 5 июл дар саросари Русия арзиши бензини навъи Аи-95 ба ҳисоби миёна 21 тин – то 35,81 рубл ва Аи-92 – 19 тин

боло рафтааст

.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ дар Русия ногузир ба нархи он дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. То 90%-и маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшаванда ба ҳиссаи Русия рост меояд.

Ба андешаи шореҳи бахши иқтисод Шералӣ Акрамов, айни замон бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба воридкунандагони русиягӣ вобастагии зиёд дорад ва мутаносибан сиёсати нархгузории истеҳсолкунандагони маҳсулоти нафтии Русия мустақиман ба ташаккули нарх дар Тоҷикистон таъсиргузор хоҳад буд. «Афзоиши нарх дар Русия комилан ба арзиши чаканаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъсир расонида метавонад», – афзуд Акрамов.

Иқтисодчӣ Холмаҳмад Азимов низ болоравии арзиши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон бар асари қимат шудани он дар Русияро аз эҳтимол дур намедонад. «Пас аз якуним-ду моҳи болоравии нархи сӯзишворӣдар Русия, он дар бозори Тоҷикистон ҳам гарон мешавад», – қайд кард номбурда.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 207 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла ҳудуди 100 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки тақрибан 85%-и маҳсулоти нафтии дар ин давра ба ҷумҳурӣ воридшуда ба Русия рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон нархи 1 литр бензини навъи Аи-95 то ба 5,50 сомонӣ ва бензини навъи Аи-92 то ба 5,20 сомонӣ мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.